Home » КДАМ мегӯяд, се ҷангҷӯи “Ансоруллоҳ”-ро дар Дарвоз куштааст
Рекомендуемые

КДАМ мегӯяд, се ҷангҷӯи “Ансоруллоҳ”-ро дар Дарвоз куштааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани се тан аз аъзои гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки бо ҳадафи “анҷоми амалҳои террористӣ” аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон убур карда буданд, хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, аз ин афрод миқдори зиёди силоҳ ҳам мусодира шуда, паноҳгоҳи онҳо аз байн бурда шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бомдоди чоршанбе бо нашри хабарномае гуфт, ки ин афрод шаби 29 ба 30 август дар ҳудуди деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз марзи Тоҷикистонро убур карданд. Бар пояи ин хабарнома, баъд аз муайян кардани ҷойи будубоши ин гурӯҳ, амалиёти зидди онҳо 5 сентябр анҷом шуд.

“Аз ин афрод хоста шуд, ки таслим шаванд, аммо итоат накарданд ва ба тарафи нерӯҳои амниятӣ оташ кушодаанд”,-омадааст дар хабарномаи КДАМ.

Таъйиди хабар ва маълумоти бештар дар бораи ҳодиса аз манбаъҳои мустақил феълан ғайриимкон аст. Дар аксҳое, ки мақомот нашр карданд аслиҳаи зиёд дида мешавад ва рӯшан нест, ки се ҷангҷӯ ин қадар силоҳро чигуна бо худ овардаанд?

Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи ин амалиёт ҳар се аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд. Хабарномаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи талафот дар байни нерӯҳои давлатӣ чизе нагуфтааст.

Мақомот нагуфтаанд, ки се ҷангҷӯ ин қадар аслиҳаро чигуна бо худ оварданд?
Мақомот нагуфтаанд, ки се ҷангҷӯ ин қадар аслиҳаро чигуна бо худ оварданд?

Дар гузориши мақомот, Зариф Бобоҷонов, зодаи ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара бо лақаби “Усмон”, раҳбари ин гурӯҳ ном бурда шудааст. Ду фарди дигари ин гурӯҳ Фарҳод Баҳодуров, зодаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод ва Аҳтам Қосимов, зодаи шаҳри Кулоб, будаанд.

Наздикони ин афрод то кунун дар ин бораи чизе нагуфтаанд.

Гузориш КДАМ мегӯяд, ин афрод дар баробари силоҳҳои дар ихтиёр доштаашон, ҳамчунин қаблан аз ҳудуди Афғонистон миқдори зиёди аслиҳа, маводи тарканда, таҷҳизоти иртибототиро дар паноҳгоҳе ҷой карда буданд.

Ба гузориши КДАМ, “ин амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд”.

Аммо дар гузориш дақиқан аз кадом хадамоти вижа ном бурда нашудааст ва ҳам гуфта нашудааст, ки ҳадафи мушаххаси онҳо чист.

Давоми соли ҷорӣ бори дувум аст, ки мақомот эълон мекунанд дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон афроди созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз байн мебаранд. Рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ дар мавзеи Дашти Язгулои ноҳияи Ванҷ, ба гуфтаи мақомот, ду нафар аз афроди “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд, “безарар карда шуданд”.

Ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Тоҷикистон, ки ду амалиёти ахир зидди афроди гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар онҷо сурат гирифт, бо ноҳияҳои Нусай ва Моймайи Дарвози Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд. Нусай ва Моймай низ чун дигар нуқоти Афғонистон зери назорати ҳукумати Толибон мебошанд.

Источник

Переводить

Темы